ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Буҷаи Русия аз ҳисоби фурӯши патент ба муҳоҷирони корӣ 160 миллиард рубл ғанитар шудааст. Дар ин бора муовини раиси Сарраёсати умури дохилаи Русия Валентина Қазақова хабар додааст.
"Ҷорӣ кардани патент барои шаҳрвандоне, ки бидуни раводид ба Русия омадаанд, иқдоми муҳиме буд. Буҷаи Русия аз ҳисоби фурӯши муҷаввизи кор ба 160 миллиард рубл пур шудааст",- гуфт Қазақова.
Контсептсияи сиёсати муҳоҷироатӣ бояд ба таҳдидҳои нави амнияти миллӣ ҷавобгӯ бошанд, афзудааст вай.
Ба гуфтаи муовини раис, дар бархе аз минтақаҳои Русияро вазъи ҷиноятӣ ҳукумфармост. Ба гуфтаи намояндаҳои ВУД Русия, далели бештар шудани ҷинояткорӣ ҷараёни номуназзами муҳоҷирон мебошад.
Барои пешгирии ифродагоӣ дар байни муҳоҷирон мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ контсетсияи сиёссати муҳоҷиратии Русияро омода мекунанд.