ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Дар ИМА падаре бо духтари 20-солааш хонадор шуда соҳиби фарзанд шудааст. Дар ин бора New York Post хабар медиҳад.
Дар ИМА марди 42-сола Ставен Пладл ва духтараш Кэти Пладлро зиндонӣ карданд.
Гуфта мешавад, ки пас аз тавлид Кэтиро ба хонаи кӯдакон додаанд. Замоне, ки ӯ 18-сола шудааст, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ волидайнашро ёфтааст.
Соли 2016 онҳо ҳамдигарро дидор кардаанду пас аз чанде духтар ба назди хонаводааш баргаштааст.
Пас аз соле падару модараш аз ҳам ҷудо шудаанд. Модараш аз ҳомиладор шудани духтараш хабардор шуда, ба пулис хабар додааст. Вале пулис натавонистааст падару духтарро боздошт кунад, чун онҳо дарҳол аз Вирҷинӣ ба Каролинаи Шимолӣ кӯч баста хонадор шудаанд.
Соли 2017 падару духтар писардор шудаанд.
Пулис моҳи ноябри соли 2017 иҷозаи зиндон кардани Стивен ва Кэти Пладлро гирифтаасту, акнун онҳо ёфта дастгир кардаанд.
Мардро ба маблағи як миллион доллар ҷарима баставу озод кардаанд, вале духтараш то ҳол дар боздоштгоҳи муваққатӣ интизори қарори додгоҳ аст.