Чигуна ман бо раисҷумҳур дар як ҳавопаймо ба Душанбе рафтам

© Пресс-служба президента КР / Султан ДосалиевПрезидент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
"Хайр, баъд чӣ?" — мепурсанд баъзе касон. — Ман шояд дар бораи ин сафарам баъд ба набераҳоям нақл кунам! Дар 27 соли зиндагиям то кунун чунин як рухдоди назаррасе рӯй надода буд"

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik, Асел Минбаева. Ман дар бораи Тоҷикистон инро дақиқ медонистам, ки мардонаш воқеъан "доғ" ҳастанд. Рӯзе дугонаи шавҳардорам дар кӯчаи яхбастае аз зери дасти шиносеяш гирифта будааст. Аз он рӯз ду сол гузашта, вале он шиносаш ҳануз ҳам мехоҳад "ҳаддақалл барои як рӯз" наздаш парида биёяд.

Да кӯчаҳои Душанбе гашту гузор карда донистам, ки дар ин ҷо ба духтарон дар кӯча "комплимент" гуфтан ва онҳоро бо нигоҳҳои дуру дарозу маънидор гусел кардан раво будааст.

Бонувони тоҷик худро на чун мо – духтарҳои бишкекӣ, бо мижаҳои пайвандӣ, балки бо шарму ҳаё оро медиҳанд. Онҳо лабханде зебо, нигоҳе хиракунанда ва овозе нарм доранд. Ин се “силоҳ” ҳар мардеро шикор мекунад!

Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Қирғизистон имрӯзу фардо меҳмони Тоҷикистон аст

Духтарони Душанбе велюрро дӯст медоранд ва пироҳанҳои махмалинро дар кӯчаҳои пойтахти Тоҷикистон бештар аз анбонҳои чинии "Биркин" дар Бишкек метавон дучор шуд.    

Вале биёед аз оғоз шурӯъ кунем. Маъмулан ба намояндагӣ аз Sputnik Қирғизистон ҳар касе метавонад раисҷумҳурро дар сафарҳояш ҳамроҳӣ кунад, ҷуз аз ман. Одатан Азамат Аралбоевро мефиристанд ва ё, дар баддтарин шароит, Бакит Толкановро. Вале ин бор чунин нашуд! Яке аз ҳамкорон дар Бишкек коре дошту дигарашон бояд гузарномаашро иваз мекард. Аз ин рӯ, виростор тасмим гирифта маро Душанбе фиристод.

Рӯзноманигоронро ба фурудгоҳ дувуним соат пеш аз парвоз оварданд. Интизории хастакунандаро бо тамошои намуди дарунии толори мусофирони вижаи VIP фурудгоҳи Манас пушти сар кардем. На ин, ки толор зебо буд, на, маъмулӣ буд, вале ин воқеият, ки ман дар он толор нишаста будам бароям бисфр ҷолиб буд. Ман дар умрам аз VIP танҳо сандалие дар мусофирбар доштам: ҳамоне, ки дар паси сандалии ронанда аст.

Рӯзноманигоронро дар таҳи салони ҳавопаймо ҷой доданд — иттифоқан амнтарин ҷой дар ҳавопаймо аст. Аз паси пардаи нимбоз хуб дида мешуд, ки чигуна вазири тандурустӣ Талантбек Батиралиев куташро аз тан мекашад ва раиси Хадамоти сабти давлатӣ Достон Догоев ҷое намеёфт, ки борашро бигзорад.

Оҳо ин яке ҳам вазири иқтисод Артем Новиков аст! Бо ин ки ӯ аз вуҷуди ман хабаре надорад, вале ману ӯро достони муфассалу ғамангезе бо ҳам пайваст мекунад. Замоне ки ӯ тоза раҳбарии ин ниҳодро ба уҳда гирифта буд, ман нахустин касе шудам, ки шумораи телефони ҳамроҳашро пайдо карда буд. Он замон дар саросари кишвар баҳс мерафт, ки чигуна чунин ҷавоне метавонад иқтисоди кишварро мудирият кунад.

Ман ҳарчанд кӯшишу талош кардам, аммо ӯ ваъдахилофӣ кард ва наомад мусоҳиба кунем. Ҳоло ӯ дар як қадам роҳ аз ман нишаста ва дилам бисёр мехоҳад, ки диктафонамро бигираму наздаш равам, вале иҷоза нест…

Дар ҷойгоҳи ифтихорӣ, дар аввали толори ҳавопаймо раисиҷумҳури мо парвоз дошт. Вале рӯзноманигорон наметавонистанд ӯро бибинанд. Далелашро намедонам, шояд амниятӣ буда бошад.

Было солнечно — видео прибытия Жээнбекова в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Навори пешвози Сооронбой Жээнбеков дар фурудгоҳи Душанбе

Душанбе моро бо офтоб ва ҳафт дараҷа гармо пешвоз гирифт. Агар тоҷикон ин ҳаворо “моҳи феврал” мешуморанд, пас ман аслан намефаҳмам, ки чаро дар ин шаҳр Нерӯгоҳи гарморасонӣ сохтаанд?!

Раисиҷумҳури моро нахуствазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва се духтар дар либосҳои миллии тоҷикӣ пешвоз гирифтанд. Яке аз он духтарон бо кафшҳои пошнабаланд чунон хиромон роҳ мерафт, ки гӯё бо кафши сарипоӣ роҳ мерафта бошад. Аз дидани ин зеборухон, ки аз кишварашон намояндагӣ мекарданд, таассурот аз Тоҷикистон дар замон матлуб мешуд.

Фурудгоҳ дар шафати шаҳр воқеъ аст. Меъмории Душанбе хеле ҷолиб аст: сохтмонҳои барҷастаи даврони пасоҷангӣ, ки ба ҳар як шаҳрванди ИДМ ошно аст, дар канори навсохтаҳои ороишёфта бо нақшу нигори миллӣ истодаанд.   

Дар аввал ман ҳайрон мешудам, ки чаро дар кӯчаҳо мошин нест ва қад-қади роҳ дар ҳар 100 метр пулисҳо истодаанд. Сипас фаҳмидам: охир мо бо раисҷумҳур рафта истодаем ва роҳҳоро барои гузаштани мо бастаанд! Аз ин кундзеҳниям шарманда шудам, ки чигуна донишгоҳро бо дипломи сурх хатм кардаам!

Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ва Жээнбеков бар ҳалли мусолиматомези масоили марзӣ таъкид карданд

Ҳамин ки автобус бо рӯзноманигорон аз ҳамравони раисҷумҳур ҷудо ва ба сӯи меҳмонхона равон шуд (дигар меҳмонони баландпоя ба бӯстонсаро рафтанд), мо дар ҷо дучори роҳбандоне начандон тулонӣ шудем.

Дар ин ҷо вазъ дар хиёбонҳо монанд ба Бишкек аст, яъне худравҳо шикоферо бозтоб медиҳанд, ки миёни сармоядорон ва бенавоён афтодааст. Бахши асосии мардуми шаҳр мошинҳои қадимаи Ҷопон доранд, ва бахти кадоме аз онҳо хандидаасту «бентли» ва «лексус»-ҳои нисбатан наверо зин задаанд.

Шояд, аз ҳама мошинҳое, ки ба Тоҷикистон ворид мешаванд, "чароғакҳои гардишро" дар гумрук бар мекананд. Намедонам, чигуна мешавад, ки ронандаҳои тоҷик аз ин чароғакҳо дар роҳ истифода намекунанд? Чароғи "сурх" барои ронандаҳои Душанбе ё пиёдаграде дар гузаргоҳ монеъ аз ҳаракат нест!

Душанбе шаҳре пок ва амн аст. Мегӯянд, ки дар ин шаҳр метавон шабона ҳам бо анбони пур аз дулор ва домани кӯтоҳ гашту гузор кард. Аммо ман ин гуфтаро насанҷидам: на анбони пур аз дулор доштам ва на домани кӯтоҳ.

Дар шаҳр қариб, ки ҳеҷ билборд ё огаҳинамое дучор намешавад, ҳамон таблоҳои рангоранги таблиғотие, ки духтарони Бишкек ҳамеша аз он шикоят мекунанд. Аммо ба ҷои онҳо аз ҳама овезаву тасвирҳо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сӯят нигоҳ мекунад. Ин овехтаҳо корзорҳои пешазинтихоботиро мемонад, вале танҳо бе интихобот. Ана ҳамин тавр тоҷикистониён пешвои худро дӯст медоранд.

Эмомалӣ Раҳмон дар кохи бузурге зиндагӣ мекунад, ки Қасри Миллат ном дорад. Вожаи "қаср" муболиға нест. Дар ин ҷо ҳама чиз мармарин аст ва вақте ки шумо ба толори машҳури оина ворид мешавед, дар тааҷҷуб мемонед, хаёл мекунед, ки афсона аст.

Президент Кыргызстана и премьер министр Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нахуствазири Тоҷикистон бо Сооронбой Жээнбеков мулоқот кард

Акнун каме дар бораи ошпазии тоҷикӣ бояд гуфт. Ҷолиб аст, ки дар Душанбе меваву сабзавотро майда реза намекунанд, чунон ки дар Бишкек маъмул аст, — онҳоро реза накарда бар дасторхон мегузоранд.

Палав оварданд … Палаве буд, ки ҳеч намешуд аз он рӯй гардонд. Палави тоҷикӣ андаке тундтар аз палави қирғизӣ аст ва нахӯд ҳам дорад. Ин ҳамон ҳолатест, ки бо даҳшат калория ҳисоб мекуниву, аз ду сар чумчаи навбатии палавро ба даҳонат мефиристӣ.

Умуман, нархи хӯрокворӣ дар Душанбе қариб ки бо нархҳои Бишкек баробаранд. Шояд, каме арзонтар бошанд. Ҳамзамон, дар фурӯшгоҳҳои Душанбе тақрибан ҳамон маҳсулотест, ки дар фурӯшгоҳҳои Бишкек. Фурӯшанда бо исрор тавсия мекард, ки ҳаддақалл каме асал бихарам, аммо чӣ гуна метавон духтари қирғизро бо ин ба тааҷҷуб овард.?!

Мо вақт ёфтем, ки ба бозор равем, ва ин хеле шавқовар буд. Автобус дар назди бинои олиҷанобе таваққуф кард — ин ё меҳмонхонаи дараҷаи байналмиллалӣ буд, ё ин ки офиси олии элита. "Ин бозор аст", — эълон кард ронанда. Ва ҳақиқатан, дар дохили сохтмон меваҷоту сабзавот ва адвияҷот мисли аҳромҳои сафкашида сар афрохта буданд.

Ҷои беҳтарини он, ки шумо метавонед сомониҳои боқимондаро харҷ кунед, — ин бахши хушкмева аст. Албатта, дар Қирғизистон низ он зиёд вуҷуд дорад, вале оё шумо метавонед дар бозорҳои мо зардолухушки омехтаро бо чормағз, мавиз ва асал бо нархи 240 сомонӣ барои як қуттича пайдо намоед?

Президент Сооронбай Жээнбеков встретился с Премьер-министром Таджикистана Кохиром Расулзодой - Sputnik Тоҷикистон
Расулзода ба Жээнбеков: ҳамкорӣ дар заминаи кишоварзӣ бароямон бартар аст

Дар пойтахти Тоҷикистон мо каме бештар аз як шабонарӯз мондем. Раисони ҷумҳур хеле самаранок гуфтушунид карданд, ҷонибҳо нӯҳ созишнома ба имзо расониданд.

Ва ана ҳавопаймои мо ба парвоз омода аст. Кадом як мансабдори тоҷик тафтиш мекунад, ки оё гилеми сурх дар назди зинапояи ҳавопаймо баробар паҳн карда шудааст ё на. Ҳама мунтазиранд, ки Сорбонбой Жээнбеков кай ба борти ҳавопаймо мебарояд. Ана худи ӯ ҳам омад!

Раисиҷумҳури мо бо кадом як намояндаи воломақоми Тоҷикистон самимона бағалкашӣ мекунад — мо ҳамаи инро аз даричаҳои ҳавопаймо мебинем. Пас аз панҷ дақиқа ҳавопаймо ба навори парвоз мебарояд. Мо ба Бишкек меравем…

Лентаи хабарҳо
0