Дар Душанбе Базми баҳори чинӣ баргузор шуд

© SputnikГосударственный академический театр оперы и балета им. С.Айни
Государственный академический театр оперы и балета им. С.Айни - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шоми панҷуми феврал дар шаҳри Душанбе Базми чинӣ баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 7 фев— Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати фарҳанги ҶТ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки шоми 5 феврал дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ консерти идонаи Оркестри созҳои халқии Театри миллии опера, рақс ва драмаи хитоии "Роҳи абрешим" баргузор гардидааст.

Барномаи консертӣ таҳти унвони "Ганҷинаҳои миллӣ" ба Соли нави чинӣ- Базми баҳор бахшида шуда, он аз ҷониби Хазинаи миллии санъати бо дастгирии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гузаронида шудааст.

Дар ифтитоҳи консерт сафири Чин дар Тоҷикистон Юе Бин ва ҷазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода аҳли толорро бо Базми баҳори чинӣ муборак гуфтаанд.

Оркестри созҳои халқии Театри миллии опера, рақс ва драмаи хитоӣ 50 сол инҷониб фаъолият дораду дар дохил ва ҳам дар хориҷи Чин шуҳрат пайдо кардааст.

Манбаъ афзуда, ки барномаи консертии мазкур рӯзи 6 феврал дар шаҳри Ҳисор низ намоиш дода шудааст.

Лентаи хабарҳо
0