Эрон омода аст дар таъмини амният ба Афғонистон ёрӣ расонад

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент Ирана Хасан Рухани, архивное фото
Президент Ирана Хасан Рухани, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Теҳрон омода аст аз Кобул дар мубориза бо теруризм пуштибонӣ кунад

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Дар сурати дархости давлати Афғонистон Эрон омода аст ба Кобул кумакҳои мусташорӣ ва амниятӣ бирасонад, эълом кард раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Руҳонӣ.

“Эрон омода аст дар мубориза бо теруризм ба Афғонистон кумак кунад, аммо дар сурате, ки давлати Афғонистон чунин дархосте дошта бошад”, — гуфт Руҳонӣ имрӯз дар нишасти расонаӣ дар Теҳрон.

Леонид Слуцкий, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Русия ва Эрон дар ҷануби Уросиё системи нави амниятиро бунёд мекунанд

“Амрико бо ин ҳама пойгоҳҳое, ки дар Афғонистон дорад, қоидатан бояд амнияти пойдореро дар ин кишвар падид меовард, аммо Афғонистон ҳамчунон даргири гурӯҳҳои теруристие чун ДОИШ аст ва рӯз ба рӯз мардуми Афғонистон аз амнияти камтаре бархӯрдор мешаванд”, — афзуд раисҷумҳур.

Вай гуфт, шояд ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон баҳонаи бузурге барои гурӯҳҳои теруристӣ барои сарбозгирӣ аз миёни ҷавонони Афғонистон бошад ва бигӯянд, ки ббинед Афғонистон ишғол шуда аст.

Руҳонӣ санади ҳамкориҳои ҷомеъи ду кишварро “тавофуқи муҳиму ҳамаҷониба” хонд, ки кор рӯи он аз замони раёсати Ҳомид Карзай ҷараён дорад.

Лентаи хабарҳо
0