ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Имрӯз Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳоди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи ҷорӣ кардани мораторияи дусола ба ҳама гуна бозрасии фаъолияти соҳибкорон қабул кард.
"Барои барои бартараф кардани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорӣ раисҷумҳур фармони дахлдореро ҳанӯз 16 январ ба имзо расонида буд",- мегӯяд раиси Кумитаи идораи амволи давлатии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода.
Ҳамин тавр, соҳибкороне, ки ба истеҳсолот машғуланд, аз ҳама гуна бозрасӣ, ба истиснои санҷишҳои Ожонси мубориза бо фасод, Бонки миллӣ, Додситони кулл, Палатаи ҳисоб, ва Кумитаи андоз озод мешаванд.
Гуфта мешавад, ин иқдом бо мақсади дастгирии соҳибкорон ва рушди саноат дар кишвар ҷорӣ карда шудааст. Афзун бар ин санҷишҳои беасос камтар мешаванд.
Ҳамрализода гуфт, пас аз қабул шудани қонун "Дар бораи моратория" дар Тоҷикистон фиҳристи ширкатҳои тавлидиро омода мекунанд.
Ёдрас мешавем, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонааш ба Маҷлиси қонунгузори ҶТ аз санҷишҳои пайдарпаи ниҳодҳои давлатӣ дар ширкатҳову бунгоҳҳои иқтисодӣ нигарон шуд ва дастур дод барои ду сол дар ин замина моратория эълон карда шавад.