Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфт, либоспӯшии мардонро низ ба танзим медарорад

© Sputnik / Ирина ГуцковаНавруз на ВДНХ, павильон Таджикистана
Навруз на ВДНХ, павильон Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи Шамсиддин Орумбекзода вақтҳои охир мардон ҳам ба маросимҳо бо либоси ноҷой ҳозир мешаванд

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар рафти нишасти хабарӣ дар посух ба суоли рӯзноманигорон гуфт, ки ниҳод барои либопӯшии мардҳо низ тавсияҳо омода мекунад.

Ба гуфтаи вазир, далели ин иқдоми ниҳод аз он аст, ки "солҳои охир мардон низ ба маросимҳои гуногун ба либосҳои ноҷо ҳозир мешаванд".

Мувофиқи дкастури Вазорати фарҳанг, минбаъд мардон бояд ба муассисаҳои давлатӣ, театру марказҳои фарҳангӣ бо либоси расмӣ ҳозир шаванд.
Ба гуфтаи Орумбекзода, дастури тавсиявии Вазорати фарҳанг барои либоспӯшии занҳо аллакай нашр шудааст, ки рӯзҳои наздик дастраси шаҳврандони кишвар мешавад.

"Мо танҳо тавсия медиҳем, ки занҳо дар ҷашни Наврӯз ё зимни таҳсил чӣ либосе бояд ба тан бипӯшанд. Дар бозору фурӯшгоҳҳо анвои мухталифи чунин либос пешниҳод мешавад ва занҳо бояд тибқи завқи худ, вале бо дарназардошти тавсияҳои мо барои худ либос харидорӣ кунанд",- мегӯяд Шамсиддин Орумбекзода.

Ёдрас мешавем, пас аз мунташир шудани хабар дар бораи либосҳои тавсиявӣ барои занон, як рӯзноманигор ва шоири муҳоҷири тоҷик Исфандиёри Назар дар саҳифаи фейсбукиаш паёме навишта гуфта буд, "чаро либоспӯшии кормандони давлат ҳам танзим намешавад?".

Ба гуфтаи рӯзноманигор, бояд либоси миллӣ фарогири ҳам зан ва ҳам мард бошад.

"Дар ин ҳол, чаро ба кормандони давлатӣ супориш дода намешавад, ки ҳатман дар сарашон тоқии миллӣ (тоқии маҳаллоти худ ё тоқии умумии тоҷикӣ), ҷома (зира, беқасаб, алоча), чакман, пӯстин, кафшу масҳӣ, миёнбанд… ба бар кунанд? Ва чаро ба донишҷӯёну умуми мардон ин "қонун" нест? Магар "либоси миллӣ" ҳамин костюму галстуку туфливу амсоли инҳост?",- нигарон мешуд вай.

Лентаи хабарҳо
0