Додгоҳи шаҳри Душанбе як шаҳрванди Эронро ба 5 сол зиндон маҳкум кард

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкОглашение приговора, архивное фото
Оглашение приговора, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур як шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эронро ба ҷурми заминхорӣ маҳкум ба 5 сол зиндон кард

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур Муҳаммад Абдӣ Аҳмадалӣ ном шаҳрванди Эрон ва ҳамсараш Шафоат Қадриддинова ном шаҳрванди Тоҷикистонро, ки муттаҳам ба заминхорӣ ё тасарруфи ғайриқонунии замин шуда буданд, муҷрим шинохт.

“Муҳаммад Абдӣ Аҳмадалӣ ва Шафоат Қадриддинова дар моҳи июли соли 2017 бе санадҳои моликият, гувоҳии ҳаққи истифода аз замин ва қарори Раиси шаҳри Душанбе 0,06 ҳектор заминро дар маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансур худсарона тасарруф кардаанд”, — иттилоъ додааст Додситонии кулли Тоҷикистон.

Ҳамсарон дар 0,03 ҳектор аз ин замин худсарона хонае ҳам сохта ва сипас хостаанд ин замину хонаи нимсохтаро ба Назиров ном шаҳрванде бифурӯшанд.

Шафоат Қадриддинова аз Назиров барои ин замину хона 11 ҳазор дулор хостааст. Ӯро ҳангоми дарёфти 6 ҳазор дулор аз Назиров дастгир карданд.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур Шафоат Қадриддиноваро бо иттиҳоми тасарруфи замин ва сохтмони худсарона дар он, қаллобӣ ва муомилаи ғайриқонунӣ бо арзи хориҷӣ муҷрим шинохта ва маҳкум ба пардохти 83 ҳазор сомонӣ ҷарима кард.

Муҳаммад Абдӣ Аҳмадалӣ бо иттиҳоми тасарруфи замин ва сохтмони худсарона муҷрим шинохта ва маҳкум ба 5 сол ҳабс дар зиндони шадиднизом шудааст.

Лентаи хабарҳо
0