Коршинос: Қазоқистон роҳкушои Эрон дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд

© Sputnik Владимир Евсеев, архивное фото
Владимир Евсеев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовини мудири Пажӯҳишгоҳи кишварҳои ИДМ Владимир Евсеев аз нақши Эрон дар равандҳои ҳамгароӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мегӯяд

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Дар шароите, ки равобит миёни Эрону Тоҷикистон сард шудаанд, Теҳрон ниёз ба шарике дорад, ки битавонад онро дар пайвастан ба равандҳои ҳамгароӣ дар Осиёи Марказӣ ёрӣ диҳад, мегӯяд Евсеев.

“Қазоқистон метавонад чунин шарике барои Эрон шавад, зеро ин ду кишвар ҳамкориҳои густардаи иқтисодӣ, аз ҷумла дар заминаи хариду фурӯши ғалла ва нафту газ доранд”, — таъкид мекунад коршинос.

Вай ёдоварӣ мекунад, ки Қазоқистон аз тафоҳуми ҳастаии Эрон пуштибонӣ кард ва яке аз миёнҷиҳое буд, ки бештарин саҳмро дар имзо шудани ин санад гузоштааст.

“Эрон аз нигоҳи иқтисодӣ нерӯманд аст ва дар оянда нерӯмандтар хоҳад шуд. Аз ин рӯ, ҳар кадоме аз кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Уросиё ҳамкориҳои худро бо густариш хоҳанд дод. Дар натиҷа, асару таъсири Эрон дар Осиёи Марказӣ низ бештар хоҳад шуд”, — мегӯяд Владимир Евсеев.

Евсеев: влиять на процессы в Центральной Азии Ирану поможет Казахстан

 

Лентаи хабарҳо
0