Пирӯзӣ: Паҳлавондухтари тоҷик дар Бишкек медали тилло ба даст овард

© Фото : Ксения ТолканеваТаджикская девушка-боксер выиграла золото, одолев в финале представительницу Узбекистана
Таджикская девушка-боксер выиграла золото, одолев в финале представительницу Узбекистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муштзандухтари тоҷик Мадина Ғаффорова дар сабқати Шапаков дар Бишкек ҳарафи узбакистониашро шикаст дода, ҷойи аввалро гирифт

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Дар Бишкек 41-умин сабқати байналмилалии бокс байни занон ва мардон, ки ба ёдбуди қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ Дуйшенқул Шопокова бахшида мешавад, баргузор шуд.

Дар сабқат ҳамагӣ барои 13 маҷмуа медал варзишкорон мубориза бурданд. Дар он варзишкорони аз 19 то 40-сола ширкат карданд.
Дар сабқати Шопоков, 146 муштзан аз Тоҷикистону Русия, Узбакистону Қирғизистон ва Қазоқистон ширкат доштанд.

Дар натиҷаи мусобиқа, варзишкорони Қирғизистон дар умум 23 медал: 5 тилло, 8 нуқра ва 10 медоли биринҷӣ ба даст оварданд. Муштзанони қазоқ ва қирғиз бошанд, 8-тогӣ ҷоиза гирифтанд.

Узбакистон-3 медали тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ; Қазоқистон-1 медали тилло, 1 нуқра ва 6 биринҷӣ гирифт.

Мунтахабаи Тоҷикистон-1 медали тилло, 1 нуқра ва 3 медали биринҷӣ ба даст овард.

Паҳлавондухтари тоҷик Мадина Ғаффорова аз Тоҷикистон дар вазни 51 кг байни занон ғолиб омад ва ҷойи аввалро гирифт. Дар ин вазн паҳлавондухтар ҳарифаш аз Узбакистон Дилноза Нематуллоеваро шикаст дод.

Медали нуқраро байни мардон дар вазни 91 кг Шӯҳрат Абдулазиззода гирифт. Медалҳои биринҷиро варзишкорон Фурқатҷони Одилвҷон дар вазни 60 кг, Баҳодур Усмонов дар вазни 64 кг ва Аҳмадҷон Саидов дар вазни 81 кг ба даст оварданд.

Лентаи хабарҳо
0