Дар Русия 10 феврал Рӯзи корманди дипломатиро ҷашн мегиранд. Маҳз дар ҳамин рӯз, соли 1549 вазорати умури хориҷии Русия созмон ёфта буд.
Ба ҳамин муносибат сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов мусоҳибаи муфассал дод.
Ба гуфтаи вай, Тоҷикистону Русия тавонистанд низоми ҳамкориҳои стратегии мустаҳкам ва ҳамаҷонибаро ба роҳ монанд.
Ҳамкориҳои зичи ҳар ду кишвар аз рӯзҳои аввали истиқлол сар шуданд ва ҳар ду ҷониб ҳам якдигарро чун муттаҳиди наздик мешиносанд, мегӯяд вай.
"Равобити дуҷонибаи мо рӯ ба авҷ аст. Дар ҳама соҳаҳо ҳамкориҳои гутариш меёбанд. Тоҷикстон ва Русияро рӯйкарди муштарак ба масоили минтақавӣ дар минтақа ва дар ҷаҳон наздик мекунад",- мегӯяд Лякин-Фролов.
Русия ҳамкори тиҷории асосии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Камубеш 25 дарсад аз тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бар Русия рост меояд.
Ҳамчунин дар Тоҷикистон 130 корхонаи истеҳсолии Русия фаъолият дорад. Нерӯгоҳи Сангтӯда низ аз ҷониби Русия маблағгузорӣ мешавад.
Сафир ҳамчунин дар ин мусоҳиба, дар бораи дурнамои ҳамкориҳои кившарҳои Осиёи Марказӣ дар чорчӯби Иттиҳои АвруОсиё нақл кард.
Ба гуфтаи Лякин-Фролов, барои Тоҷикистон омӯхтани таҷрибаи Қирғизистон дар ҳайъати иттиҳод бисёр муҳим аст.
Тафсилоти бештарро аз сабти овозии мусоҳибаи Sputnik бо сафир метавон гӯш кард.