Имомуддин Сатторов хостори ҷалби бештари гардишгарони Русия ба Тоҷикистон шуд

© Фото : Пресс-служба МИД Республики ТаджикистанВстреча Посла Таджикистана с Руководителем Федерального агентства по туризму
Встреча Посла Таджикистана с Руководителем Федерального агентства по туризму - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири Тоҷикистон дар Русия ёдрас шуд, ки имсол дар Тоҷикистон соли "Соли рушди сайеҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ " эълон шудааст

ДУШАНБЕ, 6 фев- Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки чанде пеш сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо роҳбари Созмони гардишгарии Русия Олег Сафонов мулоқот анҷом дод.

Бино бар иттилои манбаъ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла, масоили марбут ба таъмини шароити мусоид барои афзоиши шумораи сайёҳонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сафири Тоҷикистон таъкид намуд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро кишвар "Соли рушди сайеҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ " эълон кардааст.

"Ҷаноби сафир қайд кард, ки Русия яке аз шарикони авлавиятноки кишвари мо дар соҳаи сайёҳӣ мебошад ва Тоҷикистон дар зиёд намудани шумораи сайёҳон аз Русия ба Тоҷикистон, мубодилаи таҷриба дар ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни ширкатҳои сайёҳии ду кишвар манфиатдор аст",- омадааст дар гузориши манбаъ.

Роҳбари Созмони гардишгарӣ ҳавасмандии ҷониби Русияро дар таҳкими алоқаҳо бо мақомоти соҳаи сайёҳии Тоҷикистон иброз намуд.

Инчунин табодули назар дар атрофи таҳкими минбаъдаи заминаи дуҷонибаи шартномавӣ- ҳуқуқӣ дар соҳаи сайёҳӣ сурат гирифт.

Лентаи хабарҳо
0