Шаҳрвандони Тоҷикистон дар сегонаи гирандагони РВП дар Русия

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкВыдача видов на жительство и разрешений на временное проживание, архивное фото
Выдача видов на жительство и разрешений на временное проживание, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар соли 2017 ба шаҳрвандони Тоҷикистон 40 ҳазору 887 муҷаввизи иқомати муваққатӣ дода шудааст

ДУШАНБЕ, 5 фев— Sputnik. Тоҷикистон ба сегонаи кишварҳои муҳоҷирфирист ворид шуд. Дар ин бора ВКД Русия хабар додааст.

Чунончӣ дар соли 2017 ба шаҳрвандони Тоҷикистон 40 ҳазору 887 муҷаввизи иқомат дода шудааст.

Российский паспорта, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
1700 шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия мекӯчанд

Аз ҷиҳати бештарин шумораи муҷаввизи иқомати муваққатӣ дар Русия Украина мақоми аввалро гирифтааст. Шаҳрвандони ин кишвар 96 ҳазору 612 муҷаввизи иқомати муваққатӣ гирифтанд.

Дар ҷои дуюм Қазоқистон бо 45 ҳазору 317 муқаввиз ҷой гирифтааст.

Тоҷикистон дар ин феҳрист аз Узбакистон пеш гузашт. Шаҳрвандони Узбакистон соли гузашта 36 ҳазору 469 муҷаввизи иқомати муваққатӣ гирифтаанд.

Пештар хабар дода шуд, ки 56 дарсади бошандагони Маскав намехоҳанд ба макони зисташонро иваз кунанд ва шаҳри худро барои зиндагӣ муносиб мешуморанд. 14 дарсади сокинони Маскав мехоҳанд дар кишварҳои хориҷ ба сар баранду 6 дарсади онҳо хоҳиши зиндагӣ дар деҳаро дорад.

Лентаи хабарҳо
0