Таҳкими ҳамкории мақомоти қудратии Тоҷикистону Саъудӣ

© Sputnik / Алексей ДружининПредставители высших государственных чинов королевства Саудовская Аравия, архивное фото
Представители высших государственных чинов королевства Саудовская Аравия, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистону Арабистони Саъудӣ ҳамкориро дар соҳаи низомӣ тақвият мебахшанд

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik.  Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад.

Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саъудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Прокурори генералии мамлакат Сауд ибни Абдулло ал-Муъҷиб мулоқот кардааст.

"Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар дар мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ мисли терроризму ифротгароӣ ва ба мувофиқа расондани санадҳои ҳуқуқии ҳамкорӣ дар ин самт баррасӣ шуд",-омадааст дар хабарнома.

Манбаъ меафзояд, ки ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ таъкид намуданд.

Лентаи хабарҳо
0