Додситонҳои СҲИ дар Исломобод хариду фурӯши одамонро баррасӣ карданд

© Sputnik / Амир ИсаевГенеральная прокуратура РТ, архивное фото
Генеральная прокуратура РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовини додситонии кулли Тоҷикистон Сафаралӣ Мирзозода дар ҷаласаи 3-уми додситонҳои кулли давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ширкат кардааст

ДУШАНБЕ, 5 фев— Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки рӯзҳои 30-31-уми январ дар шаҳри Исломобод нишасти 3-юми додситонҳои кулли давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид.

Дар кори он ҳайъати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини додситонии кулли Тоҷикистон- Сафаралӣ Мирзозода ширкат кардааст.

"Дар рафти ҷаласа масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар байни давлатҳои аъзо дар масъалаи расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар самти мубориза бо терроризм ва ҷиноятҳои муташаккилонаи байналмилалӣ, қочоқи маводи нашъадор, хариду фурӯши одамон, ҷиноятҳо дар соҳаи амнияти иттилоотӣ ва фасод баррасӣ шудаанд", — омадааст дар хабарнома.

манбаъ меафзояд, ки ҳамчунин рушди ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ байни муассисаҳои таълимии додситониҳо муҳокима гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0