Маҳмадсаид Убайдуллоев аз фейсбукиён сипосгузорӣ кард

Обуна шудан
Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар сафҳааш дар Фейсбук аз корбароне, ки зодрӯзашро барояш табрик гуфта буданд, самимона сипосгузорӣ кардаст

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, аз корбарони Фейсбук, ки зодрӯзашро барояш табрик гуфтаанд, сипосгузорӣ кард.

Вай дар паёме, ки имрӯз дар сафҳааш дар Фейсбук мунтариш карда, навиштааст:

“Дӯстони азиз, арҷманд ва гиромӣ!!!

Бо камоли садоқат ва эҳтиром барои табрикотҳои беназиратон баҳри зодрӯзам ба Шумо масрурона рӯзгору фаъолияти саршор аз саломатӣ, саодатмандӣ, сарбаландӣ, фараҳмандӣ, фархундагӣ, фирӯзӣ ва эминии ҷовидонаро аз даргоҳи Худованди бениёз таманно менамоям.

Пирӯзию некномӣ ҳамеша ҳамқадаматон бошад”.

Ёдоварӣ мекунем, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев 1 феврал 66-сола шуд.

Лентаи хабарҳо
0