Намояндаи СММ Виорел Гутсу Тоҷикистонро тарк мекунад

© Фото : Аз ВУХВохӯрӣ бо Намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виорел Гутсу
Вохӯрӣ бо Намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виорел Гутсу - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виорел Гутсу дар Тоҷикистон фаъолияташро ба итмом расонид

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 3 феврал, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов, намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ (ФАО)-и СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Виорел Гутсуро бинобар ба итмом расидани муҳлати кориаш дар ҷумҳурӣ ба ҳузур пазируфтаас.

"Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобила, татбиқи тарҳҳо ва Барномаи нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ФАО барои солҳои 2018-2020 мавриди муҳокима қарор гирифт", — омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки Аслов барои ҳамкории якҷояи пурсамар аз намояндаи ФАО дар Тоҷикистон сипозгузорӣ карда, ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо изҳори боварӣ намудааст.

Лентаи хабарҳо
0