Узбакистон барои ҳафт кишвари дунё раводидро бекор кард

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкГород Ташкент, архивное фото
Город Ташкент, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Узбакистон барои 39 кишвари ҷаҳон раводиди гардишгариро содда мекунаду барои ҳафт давлат онро пурра бекор менамояд

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik.  Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар бораи аз 10 феврал бекор кардани раводид бо Исроил, Индонезия, Куреи Ҷанубӣ, Малайзия, Сингапур, Туркия ва Ҷопон қарор имзо кард.

Ҳамчунин бо қарори раисҷумҳур, барои 39 кишвари дунё раводиди гардишгарӣ ба таври содда роҳандоӣ шудааст.

Дар ҳоли ҳозир раводиди соддаи гардишгарӣ дар давоми ду рӯз барои шаҳрвандони ёздаҳ кишвари Урупо, ҳамчунин Малайзия, Таиланд, Туркия ва Ҷопон фаъол аст. Низоми бераводид барои ҳамаи кишварҳои ИДМ ғайр аз Тоҷикистон ва Гурҷистон ҷорӣ аст.

Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон
Шавкат Мирзиеёв барои сафар ба Тоҷикистон омодагӣ мебинад

Оғоз аз 10 феврал барои 39 кишвари ҷаҳон раводиди тарзи содда роҳандозӣ мешавад. Ба ин рӯйхат Австралия, Ҳолланд, Ҳиндустон, Чин, Канада, ИМА, Арабистони Саъудӣ, АМА, Шветсия ва дигарҳо ворид шудаанд.

Пештар хабар дода шуд, ки Узбакистону Тоҷикистон низоми раводидро имсол бекор хоҳанд кард.

Дар ин бора раиси Кумитаи рушди гардишгарии Узбакистон Азиз Абдуҳакимов ба рӯзноманигорон хабар дод.

"Чунин тафовуқот ҳаст ва интизор меравад, ки дар рафти сафари раҳбари давлат раводид бекор шавад", — хабар дод Азиз Абдуҳакимов.

Раҳбари Кумитаи гардишгарии Узбакистон ёдрас шуд, ки дар масъалаи бекор кардани низоми раводид ҳангоми сафари нахуствазири Узбакистон Абдулло Орипов ба Душанбе тафовуқ ҳосил шуд.

"Ман фикр мекунам, ки ин бисёр қарори ҷиддӣ аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ба он таваҷҷӯҳи хос доранд-ин сафари хешовандон ва гардишгарӣ аст", —гуфт Абдуҳакимов.

Лентаи хабарҳо
0