Дар шаҳри Исфара маъракаи "100 рӯзи ободонӣ дар Исфарамарз" эълон шудааст

CC BY-SA 4.0 / Wikimedia / Парк в городе Исфара, архивное фото
Парк в городе Исфара, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бахшида ба Иди Сада дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангии шаҳри Исфара чорабинӣ доир гардид

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik.Бино ба иттилои сухангӯи шаҳрдори Исфара Иқбол Тешаев раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ зимни муборакбодии хеш дар ҷашни Сада бо зикри он, ки чун вожаи Сада аслан марбут ба рақами сад аст ва ҷашни Сада муждарасон аз сипарӣ шудани зимистону сармо ва фаро расидани Наврӯз, наздик шудани фасли баҳор ва оғозбахшандаи корҳои амалҳои омодагӣ ба мавсими нави киштукор аст, дар ҳузури ширкатдорони тантана пешниҳод намуд, ки ба ифтихори ҷашни фархундаи Сада "100 рӯзи ободонӣ дар Исфарамарз" эълон карда шавад.

"Ин пешниҳоди Дилшод Расулзода аз ҷониби беш аз 4000 нафар сокинони шаҳр — ширкатдорони тантанаҳои ҷашни Сада, ки дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ ба ҳам омада буданд, мавриди пазиройи умум қарор гирифт",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Утренняя молитва в мечети в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Барои риоя нашудани меъёрҳои беҳдоштӣ дар Исфара 45 масҷид баста шуд

Чун ҷашни Сада, ба мисли ҷашни Меҳргону Наврӯз ҷашни кишоварзон маҳсуб меёбад, Дилшод Расулзода кишоварзони саховатпешаи Исфарамарз, аз ҷумла ҳайати беш аз 16 ҳазораи саҳмдорони 13618 хоҷагии деҳқонии шаҳрро бо идашон хоссатан табрику таҳният гуфта, барояшон барору омади кор таманно намуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар доираи чорабиниҳои марбут ба ҷашни Сада дар пешгоҳи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ намоишу фурӯши ниҳоли дарахтори ҳамешасабз ва ҳосилдеҳ, навъҳои гуногуни тухмии зироатҳо ташкил гардида, ба сокинони шаҳр бо нархҳои нисбати бозор арзонтар маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯрокворӣ пешкаш карда шуд.

Намоиши театрикунонидашуда ва барномаи ҷолиби консертӣ ба ҷашн ҳусни тозаву хотирмон бахшиданд.

Лентаи хабарҳо
0