"Фарёди арвоҳи муҳоҷирони сӯхтаро посбонон аз автобус шунидаанд"

© Foto / Комитет по ЧС МВД РК Сгоревший автобус, в котором погибли 52 человека из Узбекистана
Сгоревший автобус, в котором погибли 52 человека из Узбекистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чанд рӯз пеш ин автобуси сӯхтаро ба таваққуфгоҳи Оқтеппа бураданд. Тавре посбонони таваққуфгоҳ мегӯянд, чандест, ки аз автобус шабҳангом фарёде монанд ба садои одамӣ шунида мешавад

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Тавре хабаргузории Sputnik Қазоқистон хабар медиҳад, дар Қазоқистон овозае пайдо шудааст, ки аз автобусе ки дар он 52 муҳоҷири Узбакистон сӯхтанд, фарёди муҳоҷирон шунида мешавад.

Чанд рӯз пеш ин автобуси сӯхтаро аз ҷойи ҳоиса ба таваққуфгоҳи Оқтеппа бурданд. Тавре посбонони таваққуфгоҳ мегӯянд, аз автобус чанд маротиба фарёдеро шуниданд, ки ба овози одамӣ монандӣ дошт.

"Тақрибан соатҳои як-дуи шаб фарёди арвоҳи муҳоҷирони мурдаро мешунавем",- нақл кардааст посбони таваққуфгоҳ.

Рӯзи 18 январ дар ҳудуди вилояти Оқтеппаи Қазоқистон, дар шоҳроҳи Самара-Чимкент автобусе, ки дар он муҳоҷирони Узбакистон буданд, ба сӯхтор дучор шуд. Дар ин ҳодиса фоҷиавор 52 шаҳрванди Узбакистон зинда ба зинда сӯхтанд.
Панҷ тан, аз ҷумла ду ронанда  тавонистонд ҷони худро халос кунанд.. Ҳамаи мусофирон шаҳрвандони Узбакистон ва ронандаҳо шаҳрвандони Қазоқистон буданд.

Чанде пеш хабар дода шуд, ки  ду ронандаи автобус барои риоя накардани техникаи бехатарӣ, ки дар натиҷаи мусофирон ба ҳалокат расиданд, ба додгоҳ кашида шудаанд. Тафтишоти ҳодиса идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0