Тоҷикистон вуруди худравҳои кӯҳнаро аз 15 феврал мамнуъ кард

© Sputnik / Стас ЭтвешТакси в Таджикистане, архивное фото
Такси в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пештар гуфта мешуд, ки Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2018 воридоти худравҳоеро мамнуъ мекунад, ки беш аз 13 сол пеш тавлид шуда бошанд

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарореро тасвиб кард, ки бар асоси он воридоти худравҳое, ки то соли 2005 тавлид шудаанд, аз 15 феврал мамнуъ мешавад.

Транспорт в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Вуруд мамнуъ: Тоҷикистон марзашро ба рӯи худравҳои кӯҳна мебандад

Пештар гуфта мешуд, ки Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2018 воридоти худравҳои кӯҳнаро мамнуъ мекунад.

Хадамоти гумрук ва Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дастур гирифтаанд, ки аз ин пас худравҳои воридотиро бар асоси ин қарори Ҳукумати ҶТ тархису сабт кунанд.

Ёдоварӣ мекунем, ки 25 феврал Саидусмон Судуров, масъули бахши назорат бар баҳрагирӣ ва ҳимоят аз ҳаво дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҶТ, аз иқдоми нави ҳукумати кишвар хабар дода буд.

“Пешниҳод шуда, ки воридоти худравҳое, ки то соли 2005 сохта шуда бошанд, ба қаламрави Тоҷикистон мамнуъ шавад”, — гуфта буд Судуров имрӯз дар нишасти хабарӣ.

Вай афзуд, ки ҳукумат ҳамакнун ин пешниҳодро баррасӣ дорад. “Агар ин пешниҳод пазируфта шавад, аз 1-уми апрели имсол воридоти худравҳое, ки то соли 2005-ум тавлид шуда бошанд, мамнуъ хоҳад шуд”, — гуфтаст ин масъул.

Вай дар тавзеҳи ин пешниҳод гуфта, ки дуди худравҳои кӯҳна ҳаворо бештар олуда мекунад.

Ёдоварӣ мекунем, ки Ҳукумати Тоҷикистон соли 2017 боҷи гумрукии худравҳои навро 50 дарсад кард то шаҳрвандон камтар худравҳои кӯҳнаро бихаранд.

Лентаи хабарҳо
0