ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Тавре расонаҳои маҳаллӣ дар истинод ба фаъоли иҷтимоӣ Амина Шарофиддинова хабар медиҳанд, Узбакистон хона-музейи нависандаи шаҳири тоҷик Садриддин Айниро таҷдид ва азнавсозӣ мекунад.
"Ҳукумати Узбакистон тасмим гирифтааст, ки хона-музейи нависандаи машҳури тоҷик Садриддин Айниро дар Самарқанд азнавсозӣ кунад. Ҳукумати кишвар барои таъмиру таҷдиди он 300 миллионов сум (37 ҳазор доллар) ҷудо кардааст",- гуфта мешавад дар хабар.
Ба гуфтаи Шарофиддинова, хона-музей то ҷашни 140-солагии Садриддин Айнӣ, ки дар моҳи апрел баргузор мешавад, пурра таҷдид карда мешавад. Ба гуфтаи вай, шояд нимпайкараи Садриддин Айниро ба ҷойи пештарааш бар гардонад.
Тавре маълум аст, нимпайкара пештар дар кӯча дар наздикии ҳавлии Садриддин Айнӣ будааст, аммо баъдтар ба дохили манзил ҷой дода шудааст.
Хона-музейи Айнӣ дар маркази Самарқанд, дар наздикии Регистон ҷой гирифтааст. Устод Айнӣ дар ин хона аз соли 1917 ба сар мебурд.
Дар умум Садриддин Айнӣ дар ин хона 35 сол, то солҳои 50-ум, то ба Душанбе кӯч бастанаш зиндагӣ ва эҷод кардааст. Хона аз ду қисм иборат аст, қисми аввал дар охирҳои асри 18 сохта шуда, қисми дуввуми онро дар солҳои 1930 Айнӣ бо дӯстонаш сохта буд.
Дар соли 2009 Ҳукумати Узбакистон гуфта буд, ки ин хона-музейро бо он далел, ки бисёр кӯҳна шудааст, вайрон мекунад. Ин изҳороти Ҳукумат ба вокуниши шадиди тоҷикони Самарқанд дучор шуда буд. Имрӯз, Ҳукумат дигар чораҷӯиро пеш гирифтааст-бинои кӯҳнаро вайрон намекунад, баръакс барои азнавсозии он маблағ ҷудо мекунад. Гумон меравад, ки ин иқдоми Ҳукумат низ аз беҳтар шудани муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистон маншаъ мегирад.