Рустам Эмомалӣ ба сокинони водии Бартанг 30 тонна ангишт фиристод

© Фото : Сайт мэрии города ДушанбеМэр города Душанбе Рустам Эмомали
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустам Эмомалӣ ба бошандагони деҳоти дурдасти водии Бартанги ноҳияи Рӯшон кумак кардааст

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Дар ин бора хабарнигори расонаи расмии Тоҷикистон Файзи Мирҳасан хабар додааст.

Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ дар баробари кумаки ғизоӣ, ҳамчунин барои сокинони деҳоти Савноб 30 тонна ангиштсанг фиристод.

Гуфта мешавад, ки ин барои бошандагони ҷамоати деҳоти Савноби водии Бартанг кумаки хеле зарурӣ ва саривақтӣ буда, пиру барнои ҷамоат ба ӯ изҳори сипос менамоянд.

Раиси ҷамоати мазкур гуфта, ки зимистони имсола агарчӣ камбарф аст, аммо ҳаво хеле сард буда, сокинон бештар ба маводи сӯхт ниёз доранд.

Ин кумаки раиси шаҳрдорӣ ба муносибати ҷашни Сада, ки яке аз қадимтарин идҳои мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад, расонида шудааст.

Лентаи хабарҳо
0