Узбакистон нархи боркашониро барои Тоҷикистон 50 дарсад арзон кард

© Sputnik / Сергей Венявский / Гузариш ба медиабонкТоварный поезд, архивное фото
Товарный поезд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Узбакистон барои ҳамлу нақли колоҳои Тоҷикистон аз роҳҳои оҳанаш то 50 дарсад тахфиф муқаррар кардааст

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар асоси барқияномаи ҶС "Ӯзбекистон темир йуллари"-Ҷумҳурии Узбакистон аз 15 январи соли 2018 таҳти №928 барои борҳои аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Узбакистон ва аз Узбакистон ба Тоҷикистон интиқолшаванда сабукиҳо муқаррар кардааст.

КПП на границе Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пас аз ҳашт сол: гузаргоҳи "Панҷиканд - Самарқанд" боз мешавад

Тавассути қитъаи роҳи оҳани Келес-Қудуқли ва баракс барои ҳамаи намуди борҳо тахфиф то 40 дарсад муқаррар шуда, тариқи масири қитъаи роҳи оҳани Қарақалпоқистон-Қудуқли ва баракс барои маҳсулоти нафтӣ 30 дарсад ва барои дигар борҳо то 50 дарсад сабукӣ муқарарра кардааст.

Дар баробари ин тавассути қитъаи роҳи оҳанӣ Хоҷадавлат-Қудукли ва баракс барои ҳамлу нақли колоҳои Тоҷикистон 40 дарсад тахфиф муқарар кардааст.

Даврон Деҳқонов, муовини раиси ширкати "Ӯзбекистон темир йӯллари" дар нишасти расонаӣ гуфтааст, ки ҳадаф аз ин иқдом афзудани ҳамлу нақли бор бо корёрии ширкати "Роҳҳои оҳани Узбакистон" аст.

Вай гуфтааст, ки ин авохир раванди афзоиши боркашонӣ ба кишварҳои ҳамсоя мушоҳида мешавад ва ин ширкати таробарии узбакӣ бо пайгирӣ ва баррасии ин раванд тасмим гирифтааст тахфифе барои боркашонҳои тоҷикӣ бидиҳад.

Пештар хабар дода шуд, ки Тоҷикистону Узбакистон марзи боқимондаро аломатгузорӣ карданд.

Лентаи хабарҳо
0