Номаи Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Финляндия

© Фото : пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент РТ Рахмон Эмомали, архивное фото
Президент РТ Рахмон Эмомали, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Финляндия Саули Вяйнямё Нийнистё барқияи табрикӣ ирсол намудаааст

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар номаи шодбошии раисҷумҳури Тоҷикистон омадааст:

"Ҷаноби Олӣ, сарфарозам Шуморо ба муносибати пирӯзиатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Финляндия ва муҷаддадан интихоб шуданатон ба ин маснади олии давлатӣ табрику таҳният гӯям.

Ба Шумо, ҷаноби Президент, саломативу комёбиҳо ва барои мардуми Финляндия амонӣ, рифоҳу шукуфоии бештар орзумандам.

Мо ба густаришу таҳкими равобити ҳасанаи гуногунҷанба бо Ҷумҳурии Финляндия манфиатдорем ва итминон дорем, ки ҳамкории васеъ ва судманди ҷонибҳо ба манфиатҳои аслии халқҳои ҳар ду давлати дӯст мебошад.

Умедворам, ки дар давраи нави роҳбарии Шумо бо саъю кӯшишҳои муштараки мо муносибатҳои Тоҷикистону Финляндия ба зинаҳои нави рушд хоҳанд расид".

Лентаи хабарҳо
0