Ҷазби гардишгарон: дар Хуҷанд фарозбар ё роҳи танобӣ бунёд мешавад

CC0 / Pixabay / Пассажирская канатная дорога, архивное фото
Пассажирская канатная дорога, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Хуҷанд боз як фарозбар ё роҳи кабелӣ бунёд мешавад

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Дар ин бора сухангӯи ҳукумати шаҳри Хуҷанд Маъмур Юсуфов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Ба гуфти Юсуфов тарҳи бунёди фарозбар ё роҳи танобиро шуъбаи сохтмонии ҳукумати шаҳри Хуҷанд пешниҳод кардааст.

"Ҳадафи аслии бунёди роҳи арғамчинӣ ҷалби бештари гардишгарон ба шаҳри Хуҷанд аст", — гуфт манбаъ.

Ин фарозбар ё роҳи танобӣ аз маҷмаъаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ то Маҷмаъаи фарҳангию таърихии "қалъаи Хуҷанд" тул мекашад.

Маъруф Мухаммадзода мэр города Худжанда, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раиси шаҳри Хуҷанд гуфт, дар соли 2018 кадом иншоотҳои муҳимро таъмину азнавсозӣ мекунад

Бино ба итталои манбаъ, ин тадбир метавонад мақоми сайёҳии маркази вилоятро боз ҳам боло бардорад ва ба зиёд шудани сафи гардишагрони дохилию хориҷӣ мусоидат намояд.

Дар ҳоли ҳозир таъмиру азнавсозии Қалъаи Хуҷанд ба роҳ монда шуда, дар ҳудуди шаҳраки варзишӣ нуқтаҳои фуруши маҳсулоти дастии мардумӣ ва армуғонҳои миллӣ ташкил карда мешавад.

Пештар хабар дода шуд, ки дар Душанбе нахустин Маркази иттилоотии гардишгарӣ ифтитоҳ шуд.

Маркази иттилоърасонии гардишгарӣ  бо таҷҳизоти муосири иттилоъотӣ, аз қабили телевизорҳои плазмаӣ, планшетҳо ва ноутбукҳо таҷҳизонида шуда, дорои маводи иттилоъотии сайёҳӣ ва армуғонҳо барои гардишгарӣ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0