ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Раиси ширкати ҳавопаймоии миллии Тоҷикистон Хайрулло Раҳимов аз арзон шудани нархи билети ҳавопаймо барои гардишгарон дар Соли рушди гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хабар дод.
“Нархи билет барои гардишгароне, ки гурӯҳӣ ба Тоҷикистон хоҳанд омад, 5 то 10 дарсад арзон карда хоҳад шуд”, — гуфт Раҳимов дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон.
Ширкати “Тоҷик Эйр” ҳамчунин афзорҳои кӯҳнавардии ҷаҳонгардонро ройгон таробарӣ хоҳад кард.
Дар ин ҷаласа ислоҳоте дар Қонуни будҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2018 ворид шуданд, ки ҳавопаймоҳо, локомотив ва вагонҳои воридотиро аз пардохти молиёт бар арзиши афзуда ва боҷи гумрукӣ озод мекунанд.
Хайрулло Раҳимов дар ин ҷаласа ҳамчунин гуфта, ки “Тоҷик Эйр” дар назар дорад имсол 2 ҳавопаймо ва дар 5 соли оянда боз 8 ҳавопаймо харид кунанд. “Ин ширкат ҳамакнун 3 ҳавопаймои коромад дорад”, — гуфт ӯ.