Меҳрона Ғайбуллоева-духтаре, ки Тоҷикистонро дар озмуни байналмилалӣ намояндагӣ мекунад

Обуна шудан
Дар Озмуни мусиқии байналмилалии "Ты Супер!" Тоҷикистонро Меҳрона Ғайбуллоеваи 17-сола намояндагӣ мекунад

Меҳрона Ғайбуллоева дар Душанбе зода шудааст. Вай аз хурдӣ орзу дошт, ки овозхон шавад, аммо ҳоло маълумоти мусиқӣ надорад.

Модари Меҳронаи 17-сола 9 сол пештар даргузаштааст ва падараш пас аз марги модар фарзандонро ба дасти тақдир супурдааст. Меҳрона баъди марги модар 2 сол дар мактаб-интернати Душанбе таҳсил мекунад. Баъд аз он холааш ӯро фарзандхонӣ мекунад.  Ӯ ҳоло дар Душанбе хонаеро иҷора гирифта, ҳамроҳи хоҳараш зиндагӣ мекунад.

Дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон Меҳрона гуфт, ҳоло мақсади ягонааш овозхон шудан аст.
Дар телевизиони НТВ аз 10 феврал  давраи нави озмуни "Ты Супер!" намоиш дода мешавад. Ин барнома ба кӯдакони ятим имкон медиҳад, ки орзуи худро амалӣ кунанд.

Дар озмун наврасон аз Русия, Беларусия, Молдова, Эстония, Латвия, Қазоқистон, Узбакистон, Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Осотияи ҷанубӣ ва Олмон ширкат мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0