Чаро Тоҷикистон дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ширкат намекунад

© Горнолыжный комплекс "Сафед Дара"Республиканские соревнования по горным лыжам среди юниоров в горнолыжном комплексе "Сафед Дара"
Республиканские соревнования по горным лыжам среди юниоров в горнолыжном комплексе Сафед Дара - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ-2018, ки дар Куриё баргузор мешавад, ширкат намекунад

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Кумитаи олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Далели аслии ширкат накардани дастаи Тоҷикистон дар бозиҳои зимистона, нагирифтани холи лозима гуфта шудааст.

Ба гуфти дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллозода, Иттиҳодияи миллии варзишҳои зимистона дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпӣ аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ дар ҳайъати 6 нафар дастаи лағжатози Тоҷикистонро таъсис додааст.

Сабқати лижаронони наврас дар "Сафед Дара"

Ин даста барои ба даст овардани имтиёзҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҳам ширкат кардааст. Чаҳор лағжатози тоҷик аввали сол дар Бозиҳои зимистонаи Осиё, ки дар шаҳри Саппорои Ҷопон баргузор шуд, ширкат карда натиҷаи хуб ба даст овардаанд.

"Тибқи нақша даста бояд дар 50 мусобиқа ширкат кунад, вале бо сабаби номусоидии ҳаво 20 мусобиқа дар Покистон, Ҳиндустон ва Эрон доир нагардид. Ва дастаи Тоҷикистон натавонист холҳои заруриро ба даст биёрад", — омадааст дар хабарнома.

Аз ин рӯ Тоҷикистон дар Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2018 ширкат намекунад.

Рӯзи 9 феврал дар шаҳри Пйончанги Ҷумҳурии Куриё маросими ифтитоҳи XXIII Бозиҳои зимистонаи олимпӣ баргузор мегардад, ки то 25 феврал идома меёбад.

Дар бозиҳо наздики 2900 варзишкор аз 90 кишвари дунё ширкат мекуннад. Бозиҳо аз рӯи 15 намуди варзиш ва 102 мусобиқа баргузор мегарданд, ки шаш мусобқиа бештар аз Олимпиадаи Сочӣ-2014 аст.

Лентаи хабарҳо
0