Тоҷикистону Узбакистон марзи боқимондаро аломатгузорӣ карданд

© Sputnik / Семиряга / Гузариш ба медиабонкПограничный пост на границе Таджикистана. Архивное фото
Пограничный пост на границе Таджикистана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистону Узбакистон масъалаи аломатгузории марзи боқимондаро ҳал карданд

ДУШАНБЕ, 30 янв— Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки аз 24 то 29 январ дар шаҳри Гулистони Тоҷикистон вохӯрии гурӯҳҳои кории маконнигории ҳайъатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Узбакистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи марзи давлатии Тоҷикикистону Узбакистон доир гардид.

"Дар доираи вохӯрӣ масъалаҳои дахлдор вобаста ба гузариши хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Узбакистон дар минтақаҳои боқимондаи он муҳокима гардид", — омадааст дар хабарнома.

Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон
Шавкат Мирзиеёв барои сафар ба Тоҷикистон омодагӣ мебинад

Манбаъ афзуда, ки дар анҷоми вохӯрӣ Протоколи муштарак имзо шудааст.

Дар остонаи ҷашни Наврӯз гузаргоҳи байнулмилалии "Панҷиканд — Самарқанд", ки ҳашт сол пеш баста шуда буд, дубора боз мешавад.

Айни замон ҷиҳати ифтитоҳи гузаргоҳ ва ба роҳ мондани фаъолияти назорати марзӣ ва гумрукӣ, барқарор кардани зерсохтори марзӣ ва ғайра аз ҳарду ҷониб корҳои омодагӣ ҷараён доранд.

Ёдоварӣ мекунем, ки Узбакистон Тоҷикистонро огоҳ карда буд, ки аз 1 ноябри соли 2010 фаъолияти гузаргоҳи байнулмилалии Саразм дар водии Зарафшони Тоҷикистон ва мавзеъи Ҷартеппаи вилояти Самарқанд боз дошта мешавад.

Дар ёддоште, ки ба унвони Тоҷикистон фиристода буданд, зикр гардида буд, ки дар ин қитъаи марз ҳам рафту омади шаҳрвандон ва ҳам боркашонӣ қатъ мегардад. Он замон ҷониби Узбакистон сабаби ин амалро шарҳ надода буд.

Имрӯз дар марзи Тоҷикистону Узбакистон шабонарӯзӣ ду гузарогоҳи байнулмилалӣ — шаҳри Турсунзода — Сариосиё ва ноҳияи Масчо — Ойбек амал мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0