Рӯзноманигорони тоҷик аз Эмомалӣ Раҳмон хостаанд ҷилави Хадамоти алоқаро бигирад

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон и Бег Сабури на открытии в Кулябе Дворца водных видов спорта
Эмомали Рахмон и Бег Сабури на открытии в Кулябе Дворца водных видов спорта - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созмонҳои рӯзноманигорони Тоҷикистон дар баёнияе нигаронии худро аз дастури Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба ширкатҳои мухобиротӣ изҳор кардаанд, ки онҳоро водор ба хариди хадамоти интернетӣ аз “Шабакаи ҷумҳуриявии таҳвили маълумот” (ШҶТМ) кардааст

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Дар ин баёния, ки рӯнавиште аз он ба Sputnik Тоҷикистон ирсол шудааст, гуфта мешавад, ки “ҳарчанд масъулини Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ин иқдомашонро ҷанбаи амниятӣ медиҳанд, вале коршиносон баъид намедонанд, ки дар ин иқдом бештар ҷанбаҳои молии масъала нуҳуфтааст ва аз мудирияти номуваффақонаи соҳа дарак медиҳад”.

Созмонҳои рӯзноманигорони Тоҷикистон нигаронияшонро аз ин иқдом ба мавзуъи озодии сухан ва баён иртибот додаанд. Дар ин баёния гуфта шуда, ки ин иқдом метавонад хадамотрасонии интернетиро “дар инҳисори як гурӯҳ” дароварад, ки хилофи қонунҳои ҷории кишвар ва муқаррароти байналмилалист.

“Афзун бар ин, яке аз шаш усули асосие, ки дар Мувофиқатномаи умумии тиҷорати хадамоти иртибототии Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ зикр шудааст, таъмини пуштибонии рақобатпазирист. Пас, дар сурати расмӣ шудани ин дастури Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, эҳтимол як баҳси дигари ҷиддӣ бо Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ пеш биёяд, ки фикр мекунем ба суди касе нест”, — таъкид шудааст дар баёния.

Расонанигорон ҳамчунин ба обрӯи кишвар дар ҷаҳон ишора кардаанд ва Узбакистонро намуна овардаанд, ки чанде пеш раисҷумҳур Мирзиёев ба масъулини давлаташ дастур дода буд интернетро барои шаҳрвандон дастрастар ва чаҳор баробар арзонтар аз нархи ҷорияаш кунанд. “Агар ин иқдоми Хадамоти алоқаи Тоҷикистон амалӣ шавад, эҳтимол меравад, ки нархи хадамоти интернет дар Тоҷикистон боз ҳам гаронтар шавад, зеро ширкатҳои мобилӣ то ҳол интернетро бо нархи арзонтар аз берун ворид мекарданд. Иддаъои масъулини ШҶТМ бар ворид кардани хадамоти интернетӣ бо чаҳор хатт аз хориҷа, ба андешаи мо, роҳи ҳалли масъала нест ва наметавонад ҳам буда бошад. Ин ҳам дар ҳоле, ки номи ширкатҳои шомилшуда ба ин шабака махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва масъаларо боз ҳам сӯи гумонҳои дигар хоҳад бурд”, — гуфтаанд рӯзноманигорон.

Созмонҳои рӯзноманигорон ҳамчунин ба ҷанбаҳои амниятии масъала ишора карда ва ёдоварӣ кардаанд, ки “дар сурати пеш омадани садамае ҷиддӣ ва вобастагии кишвар ба як манбаъи интернетӣ имкон дорад Тоҷикистон комилан аз интернет маҳрум шавад”. “Тасмимҳои Ҳукумати Тоҷикистон барои роҳандозии “давлати электронӣ” дар ин сурат чӣ хоҳанд шуд? Умуман Тоҷикистони асри 21–ро кӣ бе интернет тасаввур карда метавонад? Ин ҳам дар ҳолест, ки бино бар навтарин додаҳо, феълан 1,6 миллион шаҳрванди кишвари мо ба интернет дастрасӣ доранд ва ин камобеш 19 дарсад аз аҳолии кишварро ташкил медиҳад”.

“Бо таваҷҷуҳ ба омилҳои ёдшуда, мо аз раисҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш менамоем, ки аз ин дастури Хадамоти алоқаи кишвар пешгирӣ намояд. Ҳамзамон, аз додситони кулли Тоҷикистон муҳтарам Юсуф Раҳмон дархост менамоем, ки ин дастури Хадамоти алоқаро чун иқдоми қаблии ин ниҳод, яъне қатъ намудани фаъолияти системаи NGN, аз нигоҳи ҳуқуқӣ баррасӣ намояд”, — гуфта мешавад дар баёнияе, ки онро Шаҳло Акобирова, раиси Шурои расонаҳои ҶТ, Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, Қироншоҳ Шарифзода, раиси ТҶ “Журналист”, Хуршед Ниёзов, раиси Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, ва Субҳон Ҷалил, раиси Медиа-Алянси Тоҷикистон имзо кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0