Ҷопон шаҳри Душанберо чароғон мекунад

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкНа электроподстанции. Архивное фото
На электроподстанции. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати ҷопонии “Nishizawa” истгоҳи фаръии барқи “Санъатӣ” дар ноҳияи Синоро бозсозӣ карда зарфияташро бештар хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Ширкати “Барқи тоҷик” ва ширкати ҷопонии “Nishizawa” қарордоде ба арзиши 17,5 милюн дулор имзо карданд.

Ин қарордод дар чорчӯби тарҳи Бунгоҳи тавсеъаи ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) барои беҳинасозии барқрасонӣ дар шаҳри Душанбе баста шудааст.

Встреча президента Таджикистана Эмомали Рахмона с премьер-министром Японии Синдзо Абэ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Чаро Ҷопон ба Тоҷикистон ёрӣ медиҳад?

Бино бар ин қарордод, ширкати “Nishizawa” тааҳҳуд кардааст, ки дар ду сол истгоҳи нави фаръие дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ хоҳад сохт. Ҳамчунин ҷопониҳо истгоҳи фаръии барқи “Санъатӣ” дар ноҳияи Синоро бозсозӣ карда зарфияташро бештар хоҳанд кард.

Ҳамчунин қарор шуда, ки таҷҳизоти барқиро барои иҷрои ин тарҳ ширкати ҷопонии “TOSHIBA” тавлид кунад.

Интизор меравад, ки дар паи иҷрои ин тарҳ барқрасонӣ ба манзилҳои маскунӣ, корхонаҳои санъатӣ ва сохтмонҳои иҷтимоъии шаҳри Душане беҳбуд ёбад.

Лентаи хабарҳо
0