Тоҷикистон барномае барои аз сар гирифтани истихроҷи уран надорад

CC BY-SA 2.0 / IAEA Imagebank / 02510164Уран, архивное фото
Уран, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Идораи кулли заминшиносии Тоҷикистон гуфт, барномае барои аз сар гирифтани истихроҷи уран надорем

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Заробиддин Файзулло‌зода гуфт, ки Идораи кулли заминшиносӣ дар чанд минтақа аз Тоҷикистон кори шиносоии захоири кониҳои камёбро оғоз кардааст.

Вай дар посух ба ин пурсиш, ки оё Тоҷикистон истихроҷи уранро аз сар хоҳад гирифт, гуфт, ки роҳандозии корҳои шиносоии захоири уран ба маънии аз сар гирифтани истихроҷи он нест.

Золото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ҷустуҷӯи тилло дар канораҳои рӯдҳоро барои шаҳрвандон озод мекунад

Файзуллозода тавзеҳ дод, ки раванди шиносоии захоири уран дар Тоҷикистон аз соли 2012 оғоз шуда ва танҳо бо ҳадафи мушаххас кардани захираи ин конӣ анҷом мешавад.

Вай ҳамчунин гуфт, ки Вазорати молияи Тоҷикистон пешнависи қонунеро омода карда, ки ҷустуҷӯ ва истихроҷи тилло дар канораҳои рӯдҳоро барои шаҳрвандони кишвар муҷоз мегардонад.

Лентаи хабарҳо
0