Дуздҳо дар Олмон 44 тонна шоколадро дуздиданд

© REUTERS \ Will BurgessПродукция американского концерна Mars
Продукция американского концерна Mars - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Фрайбург-им-Брайсгау дар ҷануби Олмон дуздҳое ду худрави борбар бо 44 тонна шоколадро дуздидаанд

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории Associated Press, шоколадҳои дуздидашуда беш аз 496 ҳазор дулор арзиш доштаанд.

Пулис дар паи амалиёти бозҷуст худравҳоро пайдо кардааст. Яке аз онҳо дар марзи Олмон ва Фаронса ёфт шуда, ки борашро даст назада будаанд.

Борбари дигарро дуртар аз он пайдо кардаанд, вале танҳо яксевум аз бор дар он монда буд.

Акнун пулис шоколаддуздҳоро пайгирӣ дорад.

Лентаи хабарҳо
0