Номи дарёфткунандагони стипендияи Рустам Эмомалӣ маълум шуд

© Фото : Сайт мэрии города ДушанбеМэр города Душанбе Рустам Эмомали
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ 200 стипендия созмон дода буд, ки маблағи он 250 сомониро ташкил медиҳад. Стипендияи раиси шаҳрро донишомӯзони аълохони маткабҳои миёнаву тахассусӣ хоҳанд дарёфт кард

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ хабар дод, ки рӯйхати донишомӯзоне, ки стипендияи шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалиро хоҳанд гирифт, муайян шудааст.

"Мо комиссияеро ташкил дода, байни донишҷӯён ва мактабхонон дар ду давра озмун баргузор кардем, ки натиҷаҳои он аллакай аз ҷониби Рустам Эмомалӣ ба имзо расидааст. Ин рӯйхат дар вебгоҳи Раёсати маорифи шаҳри Душанбе дар нишонаи www.dushanbemaorif.tj мунташир хоҳад шуд",- гуфт вай.

Озмун дар намуди тестӣ дар Маркази технологияи компютерии шаҳр зери назорати дурбинҳо баргузор шудааст. Ба рӯйхати ғолибон 200 нафар дохил шуданд, ки ба наздикӣ номи онҳо эълон мешавад, афзудааст вай.

Пештар раиси шаҳри Душанбе стипендияи шаҳрдори Душанберо барои 200 донишомӯз созмон дода буд, ки он 250 сомониро ташкил медиҳад.

Довталабон бояд дар мактаб бо баҳои аъло таҳсил карда, одоби намунавӣ дошта бошанд. Афзун бар ин, бояд дар олимпиадаҳои шаҳрӣ низ ширкат кунанд.

Лентаи хабарҳо
0