Инна лиллоҳи: Эмомалӣ Раҳмон даргузашти модари раисҷумҳури АМА-ро таслият гуфт

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар робита ба ин талафоти гарон ба Аълоҳазрат ва ба ҳамаи наздикон ва пайвандони Шумо таъзияву тасаллияти амиқи худро иброз намуда, аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил масъалат дорам, омадааст дар барқияи тасаллияти раисҷумҳури Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи гузашта 29 январ кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Халифа бин Зоид Оли Наҳён барқияи тасаллият ирсол кард.

Бино бар иттилои манбаъ, раисҷумҳур дар ин барқия ба Шайх Халифа бин Зоид Оли Наҳёндаргузашти модарашро ҳамдардӣ кардааст.

"Хабари реҳлати модари бузургворатон боиси ғаму андӯҳи мо гардид. Дар робита ба ин талафоти гарон ба Аълоҳазрат ва ба ҳамаи наздикон ва пайвандони Шумо таъзияву тасаллияти амиқи худро иброз намуда, аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил масъалат дорам",- омадааст дар мактуби раисҷумҳур.

Инна лиллоҳи ва инна илайҳи роҷиъун, гуфтааст дар анҷом раисҷумҳур.

Ёдрас мешавем, чанд рӯз пеш кишвардори Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар робита бо хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари ҳамлаи марговари ифротиён дар шаҳри Кобул изҳори ҳамдардӣ карда буд.

Лентаи хабарҳо
0