ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили Қурбон Тӯраев ходими давлативу сиёсӣ омада, аз вазъи саломатӣ ва шароити зиндагии ӯ пурсон шудааст.
"Қурбон Тӯраев солҳои тӯлонӣ ба ҳайси раиси шаҳру новоҳмм Истарвашан, Айнӣ, Мастчоҳ, ва вазири кишоварзӣ фаъолият бурда, баҳри пешрафти Ватани хеш саҳми босазо гузоштааст",-омадааст дар хабарнома.
Раиси вилоят ҳамзамон дорандаи ҳар се дараҷаи ордени "Шараф" Абдуназар Фармонқуловро, ки дар ҳимояи Ватан ва минбаъд пешрафту шукуфоии он нақши муассир гузоштааст, аёдат намуда, бо ӯ суҳбат кардааст.
Сабоҳат Ҷамолова собиқадори меҳнат ба ҳисоб рафта, солҳои зиёд дар соҳаи кишоварзии шаҳр кору фаъолият бурдааст ва бо меҳнати софдилонааш барои атрофиён намунаи ибрат гаштааст.
Ҳангоми дидору мулоқот бо собиқадорони соҳаҳои гуногун роҳбари вилоят гуфтааст, ки меҳнати софдилонаи тамоми собиқадорон дар назди халқу Ватан доим аз ҷониби давлату Ҳукумат қадр шуда, онҳо таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхории доимии раҳбарияти мамлакат қарор доранд.