ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Кормандони мақомоти гумруки Беларус интиқоли ғайриқонунии худравҳои гаронбаҳои хориҷиро аз Литва ба Тоҷикистон пешгирӣ карданд.
Дар ин бора равобити умумии Хадамоти гумруки Буларус хабар мелдиҳад.
Гуфта мешавад, ки чор "BMWX5"-и истеҳсоли солҳои 2014-2016, "Mercedes-BenzGLC"-и истеҳсоли соли 2017 ва "LexusGS300H"-и барориши соли 2014 бидуни эъломия тариқи гузаргоҳи гумрукии роҳи оҳани "Молодечно"-и хадамоти минтақавии гумрукии Минск мавриди интиқол қарор гирифта буданд.
Тибқи натиҷаҳои ташхис муқаррар шудааст, ки дар чор автомашинаи тамғаи "BMWX5" рақамҳои муайянкунандаи воситаҳои нақлиёт иваз шуда, мувофиқи маълумоти Интерпол, ҳамаи шаш худрав мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шудаанд.
Аз рӯи ин далел тафтиш ҷараён дорад.
Дар ҳуҷҷатҳои барои барасмиятдарорӣ пешниҳодшуда, дар вагони роҳи оҳан "қисмҳои эҳтиётӣ ба автомашинаҳои сабукрав" зикр шуда буданд, аммо зимни азназаргузаронии гумрукӣ муайян карда шудааст, ки дар асл дар контейнер воситаҳои нақлиёт қарор доранд.
Гуфта мешавад, бо қарори суди ноҳияи Октябрски шаҳри Минск ҳамаи 6 автомашина бо арзиши умумии 510 ҳазор рубли беларусӣ (наздики 260 ҳазор доллар) ба нафъи давлат мусодира шудааст.