ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрӣ ва баъзе ноҳияҳо вазиши бод пешбинӣ мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, боридани барф дар назар дошта шудааст. Бод аз сӯи ғарб 4-9 ва дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 7-12 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард хоҳад шуд.
Ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбанда шуда, боридани борону барф пешбинӣ мешавад. Дар ғарби вилоят ҳарорат шабона 4-9 ва рӯзона 2-3 дараҷа сард хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 17-22 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мегардад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, барф меборад. Бод аз сӯи ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ҷойҳо то 18-23 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 5-10 ва рӯзона 0-5 дараҷа сард мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда буда, боридани барф пешбинӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар пойтахт ҳаво абрнок шуда, боридани барф дар назар дошта шудааст. Ҳарорат шабона 6-8 ва рӯзона 0-2 дараҷа сард хоҳад шуд.