ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Гурӯҳе номаълум дар пойтахти Афғонистон — шаҳри Кобул ба Донишгоҳи низомии маршал Муҳаммадқасим Фаҳим ҳамла кардааст. Дар ҳоли ҳозир тирпаронӣ идома дораду садои инфиҷор дар наздикии ин макон шунида мешавад.
Дар ин бора шабакаи Tolo News хабар медиҳад.
Ҳукумати Афғонистон тасдиқ карданд, ки дар воқеъ субҳи рӯзи душанбе, 29 январ гурӯҳи мусаллаҳи номаълуме ба Донишгоҳи низомии маршал Муҳаммадқасим Фаҳим ҳамла кард.
Бино ба иттилоъи шабака, амниятиҳо роҳеро, ки ба Академия мебарад бастанд.
Хабаргузории "Пажвок" бо истинод ба Вазорати дифоъ хабар медиҳад, ки дар паи ин ҳамла 5 сарбоз кушта ва даҳҳо кас захмӣ шудааст.
Ба иттилоъи ин хабаргузорӣ гурӯҳи мусаллаҳ аз панҷ кас иборат будааст. Дар паи тирпарронӣ се тан аз онҳо аз ҷониби амниятиҳо безарар гардонида шуда, яке боздошт шудааст.
Дар ҳоли ҳозир нафари панҷум муқовимати мусаллаҳонаро идома дода истодааст.
Ёдоварӣ мекунем, ки дар инфиҷори рӯзи 27-уми январ дар як маҳалли серодами Кобул 95 нафар кушта ва 158 тани дигар захмӣ шуданд.