ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Даргирӣ миёни артиши Туркия ва нерӯҳои курд дар бисёре аз нуқоти Африн ҳамчунон идома дорад.
Яке аз ингуна нуқот пуштаи Костол аст, ки ба далели аҳамияти роҳбурдияш, сахттарин даргириҳо онҷо рух медиҳанд.
Дар яке аз ингуна даргириҳо Авесто Хабур ном духтари 20-сола худро зери танки туркӣ андохтаву онро нобуд кардааст. Авесто яке аз размандагони “Ягонҳои посдори занона” буд, ки дар Африн бо нерӯҳои зиреҳии Туркия набард доранд.
20 летняя Авеста Хабур — боец отряда женской самообороны YPJ уничтожила путем самоподрыва турецкий танк в д.Хемам юго-западнее от г.Африн. pic.twitter.com/TkmnAYHVpP
— Александр Медведев (@apovx) 28 января 2018 г.
Артиши Туркия эълом карда, ки дар раванди амалиёти “Шохаи зайтун” аз 20 январ то кунун 484 нерӯи курдро нобуд кардааст.