ДУШАНБЕ, 28 янв- Sputnik. Расо даҳ рӯз пеш дар ин минтақа автобус ба сӯхтор дучор шуду ҷони 52 муҳоҷири узбакистониро гирифт.
Дар вилояти Актоби Қазоқистон имрӯз боз як автомашина дар гирифт. Дар ин бора Sputnik Қазоқистон бо такя ба равобити умумии КҲФ хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки сӯхтори мошини тамғаи DAF, ки аз Алмаато ба Маскав ҳаракат мекард, субҳи рӯзи 28 январ, соати 09.52 бо вақти Остона 776 километр дуртар аз шоҳроҳи Самара-Шимкент ба вуқӯъ пайвастааст.
"Барои хомӯш кардани сӯхтор ҳафт наҷотдиҳанда ва ду адад техника сафарбар шудааст. Сӯхтор соати 10.40 пурра хомӯш карда шудааст. Хушбахтона дар паи ин сӯхтор ягон кас захмӣ нашудааст. Сабаби сӯхтор маълум карда мешавад", — омадааст дар хабарнома.
Рӯзи 18 январ автобусе, ки 57 муҳоҷирро аз Русия ба Узбакистон мебурд, дар вилояти Оқтеппа оташ гирифт. Дар ин сӯхтор, ки 18 январ дар 1068-умин килуметри бузургроҳи Самара — Чимканд дар ноҳияи Иргиз дар 10-килуметрии деҳаи Қолибой рух дода буд, 52 мусофир кушта шуд.
Сабаби аслии сар задани сӯхтор дар автобусро коршиносон муносибати нодуруст бо оташ гуфтаанд. Гуфта мешавад, аз сабаби сардии ҳаво аввал муҳаррики автобус аз кор мондаасту мусофирон лампаи кафшерро ба сифати гармкунак истифода бурдаанд.
Гармкунак зиёда аз ду соат кор кардаасту, омехтаи бензин ва газ тамоми фазои автобусро иҳота кардааст. Дар ҳамин ҳол ногаҳон бензин рехта ва оташ тамоми автобусро фаро гирифтааст.
Дар ин росто, ВУХ Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар хостааст, ки аз сафар бо автобус аз роҳи Қазоқистон ба Русия худдорӣ кунанд.