Эрдуғон аз Трамп талаб кардааст, ки низомиёни Амрико аз Ҳалаб хориҷ шаванд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Турции Реджеп Тайип Эрдоган, архивное фото
Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири умури хориҷаи Туркия ба неруҳои сурӣ ва амрикоӣ дар бораи даргирӣ бо неруҳои турки ҳозир дар шимоли Сурия, ҳушдор дод

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи "Ал Олам", Мавлуд Човуш Уғлӯ, рӯзи панҷшанбе гуфт, неруҳои турк дар амалиёти "Зайтун" дар шимоли Сурия, низомиёни давлатиро ҳадаф қарор намедиҳанд, магар ин ки неруҳои сурӣ ба низомиёни турк ҳамла кунанд.

Мавлуд Човуш Уғлӯ ҳамчунин дар бораи тамоси телефонии раисони ҷумҳури Туркия ва Амрико дар шомгоҳи чаҳоршанбе низ гуфт, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия аз Доналд Трамп ҳамтои амрикоии худ хост, ки ҳарчи сареътар низомиёни ин кишвар аз шаҳри Манбиҷ дар устони Ҳалаб, хориҷ шаванд.

Дар ҳамин ҳол Бекир Боздаг, муовини нахуствазири Туркия низ ба Амрико ҳушдор дод, дар сиёсати ҳимоят аз террористҳои минтақа бознигарӣ кунад, то кор ба рӯёрӯии Туркия ва Амрико дар Сурия, кашида нашавад.

Ин суханони муовини нахуствазири Туркия дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Анкара, ба ҳамалоти худ алайҳи неруҳои курд дар амалиёте ба номи "Шохаи Затун"-и артиши ин кишвар дар минтақаи Африни Сурия, идома медиҳад.

Вазорати хориҷаи Сурия аз Созмони Милали Муттаҳид хостааст, ин иқдоми Туркияро маҳкум кунад ва тадобири лозимро барои таваққуфи амалиёти туркҳо дар Африн биандешад.

Лентаи хабарҳо
0