Меҳр дар чашм аст: роҳбари "Авангард" аз таассуроти боздидаш аз ВМКБ ва UCA гуфт

© Фото : Аз ВУДҶавонони "Авангард" дар ДОМ
Ҷавонони Авангард дар ДОМ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафари мо ба вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хеле ҷолиб гузашт. Мо бо намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа мулоқот кардем ва бофарҳанг, ҳунар, расму суннатҳои қадимии аҷдодони худ шинос шудем, гуфт Мардихудо Давлатов

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Роҳбари гурӯҳи "Авангард",-и ВУД ҶТ, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мардихудо Давлатов аз таассуроти сафараш ба ВМКБ ва мулоқоташ бо донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ нақл кард.

"Сафари мо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон хеле ҷолибу хотирмон гузашт. Мо дар баробари наврасону ҷавонон ҳамчунин бо намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа мулоқот кардем. Бо фарҳанг, ҳунар, расму суннатҳои қадимии аҷдодони худ, ки давоми ҳазорсолаҳо мардумони ин диёри бостонии Тоҷикистон ҳифз кардаанд, шинос шудем ва бисёр маълумоти ҷолиб пайдо кардем",- гуфт ӯ.

Давлатов афзудааст, чунин вохӯриҳои  рӯ ба рӯ  риштаи дӯстию рафоқат миёни  ҷавонони манотиқи гуногуни мкишварро боз ҳам мустаҳкамтар месозад.

"Халқи тоҷик мақоли хубе дорад, ки мегӯянд меҳр дар чашм аст. Ҳар қадар одамон бо ҳам наздиктар суҳбат кунанд, ҳамон қадар нисбат ба  ҳамдигар меҳру муҳаббати бештар пайдо мекунанд. Мақсади сафари гурӯҳ ба Бадахшон низ ҳамин аст", — мегӯяд вай.

Ёдрас мешавем, рӯзи 23 январ дар асоси дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ, донишҷӯёни макотиби олӣ ва гурӯҳи ҷавонони "Авангард" ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар карданд. Дар доираи сафар ҷавонону донишҷӯён бо ҳамсолони худ дар шаҳри Хоруғ вохӯриҳо доир намуда, аз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри мазкур боздид кардаанд.

Донишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ дар асоси созишнома, ки аз ҷониби Оқохони IV ва сарони кишварҳои Тоҷикистон, Қирғистон ва Қазоқистон имзо шудааст, бунёд гардидааст.

Ба гурӯҳи "Авангард"-и Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҷавони фаъоли кишвар шомил мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0