Эмомалӣ Раҳмон: Кодекси нави автомобилиро бояд таҳия кард

© Пресс служба президента РТВизит Эмомали Рахмона в Кубодиёнском районе хатлонской области
Визит Эмомали Рахмона в Кубодиёнском районе хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳур ба Вазорати нақлиёт супориш дод, ки ниҳод Кодекси нави автомобилии ҷумҳуриро дар асоси таҷрибаи байналмилалӣ ва созишномаҳои аз тарафи Тоҷикистон эътирофгардида таҳия ва ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод кунад

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи ҳаждаҳуми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣгуфт дар Тоҷикистон бояд Кодекси нави автомобилиро таҳия кард.

Тавре дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон дар гузориш аз суханронии раисҷумҳур дар ин маҷлис иқтибос меорад, раисҷумҳур қайд карда,    ки дар давраи начандон тӯлонии истиқлолияти давлатӣ зиёда аз 70 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ карда шавад. Дар натиҷа се минтақаи алоҳидаи ҷумҳурӣ аз лиҳози инфрасохтори нақлиётӣ бо ҳам пайваст гардид ва маҷмааи ягонаи нақлиётӣ таъсис дода шуд.

"Илова бар ин, бо татбиқи лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ маркази кишвар бо ҷануб тавассути роҳи оҳан пайваст гардид ва ҳоло дар мамлакат барои барқарорсозӣ ва таҷдиди роҳҳои дорои аҳамияти минтақавӣ 15 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ шуда истодаанд, ки 30 фоизи сандуқи умумии лоиҳаҳои татбиқшавандаро дар ҳамаи соҳаҳо дарбар мегиранд",- афзуд кишвардор.

Аммо ин дастовардҳо басанда набуда, барои ноил шудан ба муваффақиятҳои бештар бояд кӯшиш кард, қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.

"Аз ҷумла, яке аз самтҳое, ки метавонад ба иқтисоди миллӣ даромади назаррас ворид намояд, таҳкими иқтидор ва имкониятҳои транзитии мамлакат мебошад, зеро то ба ҳол имконоти транзитии Тоҷикистон тавассути роҳҳои мошингард, роҳи оҳан ва масири ҳавоӣ пурра истифода бурда намешаванд",- қайд кард ӯ.

Нефтеперерабатывающий завод (НПЗ). Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати рушди иқтисод: полоишгоҳи нафт дар Данғара соли 2019 роҳандозӣ хоҳад шуд

 Сарвари давлат таъкид кард, ки тибқи таҳлилҳо, айни замон низоми маъмурии соҳа, аз ҷумла, расмиёти ҳамлу нақл, хизматрасонии назди роҳҳо ва монанди инҳо ба такмил эҳтиёҷ дорад.

Дар ин самт густариши ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ зарур буда, инфрасохтори мукаммал барои нигоҳдории роҳҳо, долонҳои нақлиётӣ, гузаргоҳҳои замонавии наздисарҳадӣ ва дигар иншооти зарурии барои транзит мувофиқ бояд бунёд карда шаванд. Иҷрои ин шартҳо моро ба ҳадафҳои гузошташуда наздиктар месозад, афзуд раисҷумҳур.

Дар ин росто  Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки ба Вазорати нақлиёт ва дигар сохторҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки Кодекси нави автомобилии ҷумҳуриро дар асоси таҷрибаи байналмилалӣ ва созишномаҳои аз тарафи Тоҷикистон эътирофгардида таҳия ва ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Лентаи хабарҳо
0