Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон бояд аз бунбаст раҳо ёбад ва кишвари транзитӣ шавад

© Пресс-служба президента РТПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон ҳадаф дорад дар солҳои оянда аз бунбасти таробарӣ комилан берун оянд ва кишвари транзитӣ шавад

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Ба гузориши дафтари иттилоърасонии раисҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаждаҳумин ҷаласаи Шурои машваратии беҳбуди фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон баргузор шуд.

“Баромадан аз бунбасти иртибототӣ ва расидан ба марҳалаи нав – ба қаламрави транзитӣ табдил додани Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар муайян шудааст”, — таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа.

Вай афзуд, ки раҳоии кишвар аз бунбасти таробарӣ ва рушди ин санъат афзоиши тавони рақобатпазирии колоҳои сохти Тоҷикистон дар бозорҳои хориҷӣ ва тавони содиротии кишвар, бунёди зерсохторҳои зарурӣ дар канори роҳҳои байналмилалӣ, корофаринӣ ва беҳбуди зиндагии мардумро дар пай хоҳад овард.

Яке дигар аз масоиле, ки раисҷумҳури Раҳмон бар он бисёр таъкид кард, анҷоми ислоҳот дар сохтори бонкии Тоҷикистон буд.

Лентаи хабарҳо
0