Тоҷикон ва афғонҳо дар Бадахшон даргир шуданд

© AFP 2023 / SHAH MARAI Афганские полицейские на месте взрыва в районе Пагнам (Афганистан) 25 мая 2016 года
Афганские полицейские на месте взрыва в районе Пагнам (Афганистан) 25 мая 2016 года - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар вилояти Бадахшон дар шимоли Афғонистон миёни фармондеҳони тоҷик ва паштун даргирии мусаллаҳона рух додааст

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Дар паи даргирие, ки дишаб дар миёни ду фармондеҳи пулис дар ноҳияи Аргу рух додааст, яке аз онҳо кушта шуда аст.

Яке аз кормандони пулиси вилояти Бадахшон ба хабаргузории Sputnik Афғонистон гуфта, ки ин фармондеҳон ба Ҷамъияти исломии Афғонистон – ҳизби тоҷикони Афғонистон, ва Ҳизби исломии Афғонистон, ки раҳбари он Гулбиддин Ҳикматёр аст, вобаста будаанд.

Ин нахустин бор нест, ки миёни пайравони ин ду созмон дар вилоятҳои Афғонистон даргирии мусаллаҳона рух медиҳад.

Фармондеҳони Ҳизби исломӣ пас аз таслим шудани Гулбиддин Ҳикматёр ба Ҳукумати Афғонистон дар бисёре аз вилоятҳо, аз ҷумла Бадахшон, дар нерӯҳои амниятӣ ва пулис ба кор гирифта шуданд, ки заминаро барои дар гирифтани задухӯрдҳо миёни онҳо ва фармондеҳони тоҷик фароҳам кардааст.

Лентаи хабарҳо
0