ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар шаҳри Душанбе зани даллаеро ба иттиҳоми ҷалб кардани духтари ҷавон ба фоҳишагӣ дастгир кардаст.
Бино бар иттилои манбаъ, гумонбаршаванда ҳамагӣ 22 сол дошта, сокини кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе аст.
"Ӯ зани 23-солаи сокини кӯчаи Зарафшони пойтахт, донишҷӯи соли 4-уми яке аз Донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба фоҳишагӣ ҷалб намуда, барои алоқаи ҷинсӣ намудан бо марди 27-солаи сокини кӯчаи Айнӣ шинос карда, аз онҳо 100-доллари амрикоӣ ва 200-сомонӣ гирифтааст",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Вазорати умури дохила дар гузориш номи муттаҳам, ҷабрдида ва донишгоҳро ошкор намекунад.