ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии шаҳрдорӣ хабар медиҳад.
Дар ин сабқат волейбоздухтарони 25 даста, аз ҷумла Дастгоҳи раисҷумҳур, БМТ, Вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва дохилӣ, кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат,муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ширкат мекунанд.
Ҳамчунин дастаҳои Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш ва кор бо занон, Агентиҳои омор ва маводи нашъаовари назди раисҷумҳур, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия (РТСУ), мақомоти шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе, Додгоҳи шаҳри Душанбе ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе барои дарёфти "Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе" қувваозмоӣ менамоянд.
Мусобиқаи волейбол аз 6 январи соли 2018 оғоз шуда дар остонаи Рӯзи модарон ҷамъбаст мешавад.
Гуфта мешавад, ки ғолибони мусобиқа 6 марти соли 2018 — дар арафаи Рӯзи модар муайян гардида, бо "Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе" ва ҷоизаву мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида мешаванд.
Ҳадафи баргузории сабқат тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни бонувони гуфта шудааст.