ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Душанбе 12-умин нишасти масъулони аршади вазоратҳои умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон оғоз ёфт.
Ба гузориши хадамоти иттилоъотии ВУХ ҶТ, ҳайъатҳое аз Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбакистон ва Ҷопон ба пойтахти Тоҷикистон омадаанд то дар нишасти Гуфтугӯи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” ширкат кунанд.
Дар ҳошияи ин нишасти дурӯза вазири умури хориҷии ҶТ Сироҷидин Аслов имрӯз бо ҳайъати ҷопонӣ ба раҳбарии Сафир — Намояндаи вижаи ВУХ Ҷопон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Тошиҳиро Аикӣ дидор ва гуфтугӯ кард.
Аслов ва Аикӣ дар ин дидор натиҷаҳои машваратҳои сиёсии вазоратҳои умури хориҷии Тоҷикистону Ҷопонро баланд арзёбӣ карда ва роҳу чораҳои таҳкими беш аз пеши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардаанд.
Нишасти машваратҳои сиёсии ВУХ Тоҷикистон ва Ҷопон имрӯз дар Душанбе бо раёсати муовини якуми вазири умури хориҷии ҶТ Низомиддин Зоҳидӣ ва Тошиҳиро Аикӣ баргузор шуданд.
“Дар ин машварат, ки дар фазои дӯстона ва созанда баргузор гардид, ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, масъалаҳои густариш ва дурнамои ҳамкориҳои судманди ду кишварро дар соҳаҳои мухталифи дуҷониба ва бисёрҷониба, алалхусус дар доираи Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Япония” мавриди баррасӣ қарор доданд”, — гуфта мешавад дар иттилоъияи ВУХ ҶТ.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақаӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон табодули назар намуданд.
Имрӯз дар Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамчунин маросими Мубодилаи ёддоштҳо миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон барои таҳвили навтарин таҷҳизот ба нерӯҳои интизомии ҶТ дар чорчӯби кумаки бебозгашти Ҳукумати Ҷопон аз рӯи “Барномаи рушди иқтисод ва ҷомеа” баргузор гардид.
Ёддоштҳоро вазири умури хориҷии ҶТ Сироҷидин Аслов ва сафири Ҷопон дар Душанбе Ҳаҷиме Китаока имзо карданд.